БМТ фаъолияти як ташкилоти суғуртавиро барои қонунвайронкунӣ қатъ кард

Ташкилоти мазкур се сол қабл иҷозатнома ба даст оварда буд ва ҳамакнун дигар расман дар бозори суғуртаи Тоҷикистон аз фаъолият боздошта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти “Ташкилоти суғуртавии Меҳрубон” -ро манъ кард.
Дафтари матбуотии БМТ сабаби бозхонди иҷозатномаи ташкилоти мазкур дағалона вайрон гардидани талаботи қонунгузорӣ унвон гардидааст.
Аммо дар айни замон шарҳ дода нашудааст, ки кадом қонунвайронкунӣ дар фаъолияти ташкилот сурат гирифтааст.
Ҳамин тариқ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2023, таҳти №3 бар асоси моддаи 141 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” дигар ин ташкилоти суғуртавӣ фаъолият нахоҳад кард.
Бонки миллӣ ба Ташкилоти суғуртавии Бима Ҳаёт иҷозатнома дод
БМТ ҳамзамон гуфтааст, ки қарори мазкур дар асоси ҳалномаи эътибори қонунипайдокардаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 11 октябри соли 2022 оид ба бекор кардани иҷозатномаи ташкилоти мазкур гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ташкилоти мазкур 29 майи соли 2019 барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дарёфт карда буд.
Идораи назорати суғуртавии ин ниҳод уҳдадор гардидааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдор ворид намояд.
Қаблан маълум шуд, ки БМТ иҷозатномаи ду созмонеро, ки дар бозори суғуртаи кишвар фаъолият мекунанд, бозхонд кард. ҶСП “Ташкилоти суғуртаи Кофил” ва ҶДММ “Бакел тиллоӣ Тоҷикистон” аз муҷаввиз маҳрум шуданд.
Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори суғуртаи Тоҷикистон 17 ширкати хусусиву давлатӣ кору фаъолият мекунанд.