ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Алексей Арестович, мушовири раиси дастгоҳи раисиҷумҳури Украина ва воқеъан сухангӯи расмии мақомоти Киев, аризаи истеъфо дод.
Дар ин бора сиёсатмадор дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
"Ман дар бораи истеъфо навиштам. Мехоҳам намунаи рафтори мутамаддинро нишон диҳам: иштибоҳи куллӣ, маънии онро дорад, ки истеъфо дод", - навиштааст ӯ.
Як рӯз пеш вакилони порлумони Украина ба ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории барканории Арестович аз мақомаш шурӯъ карданд.
Сабаб суханони сиёсатмадор дар бораи як бинои истиқоматӣ дар Днепропетровск буд, ки дар натиҷаи ҳамлаи дифои ҳавоии Украина тахриб шуд.
Ба гуфтаи вакилон, “хаёлҳои ҳарбӣ”-и Арестович ба мавқеи дастгоҳи раёсати ҷумҳурии кишвар рабте надорад.
Вакилони порлумон ҳамчунин ба Хадамоти амнияти Украина дар бораи хиёнат ба ватан муроҷиатнома фиристодаанд.
Мавқеи расмии Кремл дар ҳодиса бо хонаи харобшуда дар Днепропетровскро котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков эълон кард.
Вай ёдовар шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи РФ ба биноҳои истиқоматӣ ва инфрасохтори иҷтимоии Украина зарба намезананд.
Ҳамзамон, ҳолатҳои сершуморе маълуманд, ки кори мудофиаи ҳавоии Украина боиси харобшавӣ дар маҳалҳои истиқоматӣ гардид.