Сол гузашту 600 сомонӣ ба ҳама ҳанӯз нарасидааст: Супориши президент саривақт иҷро нашуд?

Кумакпулиҳо ба табақаи ниёзманд дар Тоҷикистон, ки бар асоси дастури президенти кишвар бояд то охири соли 2022 амалӣ мешуд, ҳанӯз пурра иҷро нагардидаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қарори ҳукумат барои пардохти кумакпулиҳо ба табақаҳои ниёзмандро баррасӣ кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Шодихон Ҷамшед зимни як ҷаласа дар бораи расонидани кумакҳои яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ гуфта, минбаъд ҷоннок намудани масъаларо таъкид кардаст.
Иттилоъ дода шуд, ки механизми расондани кумакпулиҳо дар​ тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифта истодааст.
Ин дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон таъкид намуда буд, ки кумакпулии яквақтаина бояд ба ниёзмандон то охири сол расонда шавад.
Аз тариқи корти Амонатбонку нақд: Ҳамаи ниёзмандон маоши ҳадди ақал хоҳанд гирифт
То охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад, гуфта буд ӯ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки бо ин мақсад 285 млн сомонӣ равона мегардад.
Вай ҳамчунин бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ҳукуматро муваззаф кард, ки барои аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат чораандешӣ намояд.
Яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд, тавзеҳ дод раисҷумҳур.