ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар шаҳри Уст-Каменогорск марде боздошт шудааст, ки муддати тӯлонӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пинҳон мешуд, иттилоъ додааст хаӣаргузории kazlenta.kz.
Тибқи иттилои манбаъ, ин мард дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир карда, таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтааст.
Маълум шуд, ки ин ҷавони 27-сола аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои қаллобӣ фирор кардааст.
Вай моҳи августи соли 2021 бо роҳи қаллобӣ аз як шаҳрванд 2,4 ҳазор доллар гирифта, ба ӯ ваъда додааст, ки барои ӯ раводид барои сафар ба Латвия мегирад.
Нисбати ӯ дар ВКД вилояти Суғд тибқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи дахлдор боз шудааст.
Аммо бо вуҷуди ин гумонбар ба ҷиноят тавонист фирор кунад. Пас аз чанд муддате ӯ дар қаламрави Қазоқистон пайдо шуд.
Гуфта мешавад, ки марди таҳти пайгард қарордошта пас аз боздошт ба Тоҷикистон истирдод шудааст.