ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Сардии шадид боиси он гардид, ки қубурҳои оби ошомиданӣ ях баста, мушкили танқисии об дар Душанберо ба вуҷуд овард.
Ин нуктаро КВД "Обу корези Душанбе" бо нашри изҳорот таъкид карда, аз шаҳрвандон хостааст, нигарон набошанд.
"Норасоии об дар баъзе қисматҳои шаҳр ба мушоҳида мерасад ва шаҳрвандонро нигарон намудааст. Алҳол тибқи супориши роҳбарияти корхона ба минтақаҳое, ки мушкили об доранд, мошинҳои обкашӣ сафарбар шудаанд", - омадааст дар иттилоия.
Мушкили дигарро масъулин дар он гуфтаанд, ки дар хонаҳои куҳнасохти замони хрушёвӣ, ки бинобар надоштани таҳхона васли қубурҳо аз берун сурат гирифтааст, ба яхбандӣ бештар дучор гардидаанд.
"Шаҳрвандон бояд аз ин ҳолатҳо воқиф бошанд ва сабуриро пеша намоянд. Гарчанде таҳхона ва қубурҳои оби ошомиданӣ дар сарҳади хизматрасонии корхона набошад, вале кормандони корхона ҷиҳати пешгирии ин ҳолатҳо ва танқисии об ба кумаки шаҳрвандон мешитобанд", - омадаст иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистонро тайи рӯзҳои охир сардиҳои шадид фаро гирифтаанд, ки боиси сар задани бархе мушкилот дар бахши нақлиёту обу барқрасонӣ шудаст.
Ҳавошиносон мегӯянд, сармое, ки Тоҷикистонро феълан фаро гирифтааст, дар давоми 15 соли охир бесобиқа мебошад.
Ҳавои хунук дар Тоҷикистон то 25 январи соли равон идома хоҳад кард, иттилоъ доданд масъулини Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.