ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Футболбози тоҷик Муҳаммад Султонов ба бошгоҳи “Родина”-и Маскав гузашт. Даста, ки соли 2015 таъсис ёфтааст, дар Лигаи якуми Русия бозӣ мекунад.
Хабар дода шуд, ки футболбози тоҷик пас аз 43 бозӣ ба ҳайси нимҳимоятгар бошгоҳи футболи "Торпедо"-ро тарк мекунад.
Маврид ба зикр аст ,ки ин зодаи Тоҷикистон дар мавсими соли 2021-2022 беҳтарин бозигари Лигаи миллии футболи Русия дар ҳайати дастаи "Торпедо"-и Маскав дониста шуд. Ҳамчунин бозигар беҳтарин ассистенти мавсим эълон гардид.
Ин тасмим дар асоси пурсиши мураббиён ва капитанҳои дастаҳои ширкаткунандаи мавсими 2021/22 гирифта шудааст.
Варзишкори тоҷик 15 гол зада 12 партоби натиҷадор кардааст. Бо кумаки ӯ бошгоҳ тавонист ғолиби ин мусобиқот ва соҳиби роҳхати мустақим ба Лигаи олии Русия шавад.
Муҳаммад Султонов 22 декабри соли 1992 дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Ӯ дар дастаҳои "Локомотив-2" (Маскав), "Спартак-Налчик", "Тосно" (вилояти Ленинград), "Спартак" (Налчик), "Шинник" (Ярославл), "Ротор" (Волгоград) ва тими "Нижний Новгород" бозӣ кардааст. Аз моҳи июли соли 2021 - бозигари тими "Торпедо"-и Маскав буд ва инак ба тими "Родина" гузашт.