ДУШАНБЕ, 15 янв – Sputnik. Мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон барои наҷоти ҳайвоноту парандаҳо талош доранд, ки онҳоро дар минтақаҳои иқоматашон бо ғизо таъмин намоянд.
Ба иттилои мақомот, бо фаро расидани фасли сармо ва барфпӯш гардидани кӯҳҳо ҳайвонҳо ва парандаҳои нодир барои дарёфти ғизо танқисӣ мекашанд.
"Гуруснагии онҳо метавонад боиси ба ҳалокат расидан ва ё ба ҳавлии истиқоматии одамон ворид шуданашон мегардад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳолатҳо масъулин дар дар талу теппаҳо барояшон ғизо мегузоранд.
Аз ҷумла дар Боғи Ғалабаи Душанбе низ ба миқдори 300 кг донагӣ ва 25 баста алафи хушк гузошта шуда, чунинин корҳо минбаъд идома хоҳанд ёфт, илова намуданд мақомоти ҳифзи муҳити зист.
Ин дар ҳолест, ки аллакай ҳолатҳои вуруди ҳайвонот ба хонаҳои сокинон ва фаромадани ҳайвонот аз куҳҳо ба водиҳо дар навоҳии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Ҳавои хунук дар Тоҷикистон то 25 январи соли равон идома хоҳад кард, изҳор дошт муовини мудири Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳҳои минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад, афзуд Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Таъкид шудааст, ки бори охир чунин сардӣ Тоҷикистонро зимистони соли 2008 фаро гирифта буд.