Прокуратура низ тафтиши холисонаи қазияи муҳоҷирзани тоҷикро аз Русия хост

Аз ин пеш вазири умури дохилаи Тоҷикистон унвонии ҳамтои русаш мактуб ирсол намуд ва дархост кард, ки ин қазия мунсифона тафтиш шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба прокуратураи генералии Русия дар робита ба боздошт шудани муҳоҷирзани тоҷик ба далели даст доштан дар ҷинояти одамкушӣ мактуб ирсол намудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҷониби Тоҷикистон аз ниҳоди дахлдори Русия талаб намуд, ки тафтиши холисона ва ҳаматарафаи қазияи мазкурро зери назорати худ гирад.
Қаблан, Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ ба қазияи мазкур дахолат намуд.
Дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки вазири тоҷик унвонии ҳамтои руси худ, Владимир Колоколтсев барқия ирсол намудааст.
Раҳимзода аз Русия хост, қазияи зани тоҷики муттаҳам дар куштор мунсифона тафтиш шавад
Дар барқия Раҳимзода аз вазири умури дохилии Русия дархост намуд, ки қазияи муҳоҷирзани тоҷик воқеъбинона баррасӣ шавад ва роҳбарияти ин ниҳод онро таҳти назорати худ қарор диҳад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 январ дар тарабхонаи "Хинкалная Тбилисо", воқеъ дар шаҳри Митишии канории Маскав муҳоҷирзани тоҷик ошпази гурҷиро бо истифода аз корд ба ҳалокат расонд.
ВКД Тоҷикистон дар шари ин қазия хабар дод, ки ошпаз зани тоҷикро бераҳмона латукӯб карда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ раво дид ва шаъну шарафашро паст задаст.
"Номбурда маҷбур шудааст барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад", - омадааст дар хабарномаи ВУД.
Феълан муҳоҷирзани тоҷик дар боздошт буда, тафтиши ҳодиса идома дорад.