ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Ҳавои сард дар Тоҷикистон идома дорад. Обуҳавосанҷон то 25 дараҷа сард шудани ҳаворо пешгӯӣ мекунанд.
Ба иттилои Оҷонсии обуҳавошиносӣ дар ВМКБ ҳаво асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят боришоти сусти барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14-19 ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 20-25 ва рӯзона 11-16 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18, рӯзона 6-11 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17-19 два рӯзона 7-9 дараҷа хунук мешавад.