Дар макотиби чор шаҳри Тоҷикистон синфҳои махсуси футбол ташкил мешаванд

Ин тасмимро Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар нахустин ҷасалаи имсола ба нақша гирифанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар чандин макотиби Тоҷикистон синфҳои махсуси футболро роҳандозӣ кунад.
Дар ин бора котиботи ФФТ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, тасмим мазкур дар ҷаласаи нахустини имсола, ки чанде пеш баргузор гардид, ба нақша гирифта шуд.
Қайд гардид, ки ФФТ ин иқдомро дар ҳамдастӣ бо Вазорати маорифва илми Тоҷикистон ба роҳ меандозад.
ФФТ узви Анҷумани мураббиёни дараҷаи "А"-и Конфедератсияи футболи Осиё шуд
“Дар заминаи чор муассисаи таҳсилоти умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар синфҳои махсуси футбол Ташкил карда карда мешаванд”, - омадааст дар хабарномаи ФФТ.
Қайд гардид, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин лоиҳаро аз рӯи 1-уми сентябри соли равон роҳандозӣ менамояд.