Захарова: Толибон* мубориза бо терроризмро ташдид кунад

Вазорати хориҷаи Русия ҳамлаи террористӣ ба мақари вазорати хориҷаи Афғонистонро маҳкум кард ва аз мақомоти ин кишвар хост мубориза бо терроризм ташдид кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Русия ҳамлаи террористии дар наздикии сохтимони вазорати хориҷаи Афғонистон дар Кобулро ба шиддат маҳкум мекунад, гуфт сухангӯии вазорати умӯри хориҷаи Русия Мария Захарова.
Захарова таъкид кард, ки мо интизор дорем давлати Афғонистони пайгирии комилиро дар мавриди ин ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад, омилони онро пайдо кунад ва ба қонун бисипорад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи толибон* дар дидор бо Замири Коблов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умур Афғонистон гуфт, Кобул ба дунболи афзоиши ҳузури диплумотики худ дар Маскав аст.
Оғози тафтишоти хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон аз сӯйи ҷумҳурихоҳон
Муттақӣ ҳамчунин бар иртиқои равобити тиҷорӣ миёни Афғонистон ва Русия таъкид кард ва гуфт: “мо аз Русия мехоҳем дар заминаи тарофаҳои гумрукӣ бо Афғонистони рафтор вижа дошта бошад.
Вазири хориҷаи ҳукумати толибон* дар дидор бо намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умур Афғонистон гуфт, Русия ҷойгоҳи вижае дар сиёсати хориҷии Афғонистон дорад.
* - созмони зери таҳримҳои СММ барои амалҳои террористӣ