Вазири маориф сухангӯяшро иваз кард

Ахиран дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ва маросими муаррифии кадрҳои тозатаъйин баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода, аз вазифааш озод ва сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” таъйин гардид, дар ин бора Pressa.tj хабар додааст.
Ба иттилои ин манбаъ, Эҳсон Сафарзода дар ин вазифа Шодӣ Шокирзодаро иваз намудааст.
Дар ҳамин ҳол, Дилафрӯз Қурбонӣ ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Омӯзгор” таъйин шуд. То ин замон дар мақоми номбурда Ноилшоҳ Нурализода фаъолият дошт.
Зимнан, Ноилшоҳ Нурализода ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” таъйин гардидааст.
Қарори ҳукумати Тоҷикистон барои тағйирот дар рӯзҳои истироҳату корӣ дар соли 2023
Ин дар ҳолест, ки ба иттило манбаъ то ҳол маълум нест, ки ба вазифаи сухангӯи Вазорати маориф ва илми ТОҷикистон кӣ таъйин шудааст.
Эҳсон Сафарзода солҳои тӯлонӣ дар ин вазифа сухангӯи вазорат кор кардааст. Ӯ яке аз фаъолтарин сухангӯён ба ҳисоб мерафт.
Ёдовар мешавем, ки ахиран аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ ва вазоратҳо тағйироти кадрӣ сурат гирифт.