ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавируси "Кракен" ба қайд гирифта нашудааст, иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар, Эмомалӣ Мирзо, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ба ҳол ҳеч мавриди гирифтории афрод ё вуруди корнавируси навъи “Кракен” дар Тоҷикистон сабт нашудааст.
“Аммо вазорати тандурустӣ режими шадиди назорат дар посгоҳҳои марзии кишварро нигаҳ медорад”, - гуфт ӯ.
Қаблан Созмони ҷаҳонии беҳдошт эътироф карда буд, ки навъи нави омикрон-штамми "кракен" хеле ба зудӣ паҳн мешавад, аммо маризон онро ба осонӣ пушти сар мекунанд. Ин маризӣ аллакай дар Амрико, Бритониё ва дигар кишварҳои аврупоӣ пайдо шуда, дар Русия низ сабт шудааст.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, гирифтории сокинони кишвар бо навъҳои “А” ва “Б”-и зуком ҳамоно идома дорад.
“Аммо аз рӯи ин, ки муроҷиати мардум ба бунгоҳҳои тиббӣ ва шифохонаҳо камтар шудааст, метавон ба ин натиҷа расид, ки мавсими хуруҷи зуком низ рӯ ба нузул овардааст”, - гуфт Эмомалӣ Мирзо.
Дар бораи омори гирифтории сокинони Тоҷикистон ба зуком манбаъ гуфт, теъдоди онҳоро то ба ҳол дақиқ накардаанд, аз ҷумла, муайян кардани маризон ба ин далел, ки аксаран табобати хонагӣ мегиранд ва ба духтур муроҷиат намекунанд, имконнопазир аст.