ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Мақомоти Хатлон таъкид кардааст, ки пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ дар вилоят ба шумор меравад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти ин вилоят.
Тибқи иттилои мқомоти вилояти Хатлон деҳқонони ин минтақа дар соли 2022 дар майдони 121694 гектар пахта кишт карданд, ки 9596 гектари онро кишти зери плёнка ташкил медиҳад.
"Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахши соли 2022 286,0 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 100,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад”,- қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ ба корхонаҳои коркард 273,2 ҳазор тонна пахта супорида шуд, ки нисбат ба соли 2021 3229 тонна зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилоят 31,3 ҳазор тонна нахи пахта, аз ҳудуди вилоят ба хориҷ содирот шудааст.
Истеҳсоли нисфи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар соли равон ба вилояти Хатлон рост меояд.
Дар вилоят аз ҳама беш полезиҳо кишт мешавад. Ҳамчунин кишти сабзавот, пахта низ васеъ ба роҳ монда шудааст