Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Бастрикин хостори ба амалиёти низомӣ ҷалб кардани қабулшудаҳо ба шаҳрвандии Русия гардид

Хориҷиёне, ки аз тариқи бастани шартнома ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия пайвастаанд, имкони дарёфти шаҳрвандӣ ба таври соддакардашударо доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Иштирок дар амалиёти вижаи низомӣ дар Украина барои хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ӯҳдадории конститутсионист.
Ин нуктаро раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин дар мусоҳиба бо "Российская газета" баён дошт.
"Баррасии ба таври афзалиятнок фиристодани афроди шаҳрвандигрифта барои иштирок дар иҷрои вазифаҳои амалиёти махсуси ҳарбӣ мувофиқи мақсад мебошад" - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, танҳо дар нимаи аввали соли 2022 беш аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони болиғи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шиносномаи Русия гирифтаанд.
Пушилин: Дар Украина мавҷи нави басиҷшавӣ оғоз шуд - видео
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки хориҷиёне, ки бо қувваҳои мусаллаҳ шартнома бастаанд, метавонанд шаҳрвандии Русияро ба таври содда ба даст оранд.
Қаблан роҳбари Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди раисҷумҳури Русия, Валерий Фадеев пешниҳод карда буд, ки синни даъвати ҳарбии хориҷиёне, ки шаҳрвандии кишварро гирифтаанд, то 45-50 сол боло бурда шавад.
Фадеев ба таҷрибаи давлати Исроил ишора кард, ки дар он ҷо ба шаҳрвандони ҷадид як сол барои будубош дар ҷои нав муҳлат дода мешавад ва сипас новобаста аз сол ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.
Раҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсон қайд кард, ки дар мавриди ин ташаббус ба зудӣ бо кумитаҳои дахлдори Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия ва инчунин бо Сарраёсати ҳуқуқии Вазорати дифоъ машварат хоҳад шуд.