ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Думаи давлатӣ дар бораи оғози даъвати афроди то 30-сола ба артиш хабар дод, хабар медиҳад "Парламентская газета".
Тавре Андрей Картаполов, раиси Кумитаи мудофиаи Думаи давлатӣ гуфт, ин ташаббус метавонад аллакай дар доираи даъвати баҳорӣ дар соли 2023 амалӣ шавад.
Ба гуфтаи вакил, шаҳрвандони то 30-сола метавонанд ба зудӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ муроҷиат кунанд, аммо ин як қатор тағйиротро дар қонунгузорӣ тақозо мекунад.
Картаполов қайд кард, ки раванди баланд бардоштани синни даъват марҳила ба марҳила сурат мегирад ва барои гузаштан пурра ба системаи нав аз 1 то 3 сол давом мекунад.
Зеро ворид намудани маҷмӯи тағйирот ба Қонун "Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" зарур аст.
"Қабл аз оғози даъвати баҳорӣ ҳар як комиссариати ҳарбӣ бояд муайян кунад, ки тибқи талаботи нав чанд нафар дорад. Баъдан ин маълумотро бо супориши ҳарбӣ мутобиқ созад", - гуфт ӯ.
Ҳоло сухан танҳо дар бораи баланд бардоштани ҳадди болоии синни даъватшаванда меравад.
Ёдовар мешавем, ки пешниҳоди боло бурдани синни ҳадди ақали даъват аз 18 ба 21 ва ҳадди аксар аз 27 ба 30 дар охири соли 2022 маълум шуд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия то ба 1,5 миллион нафар ва хизматчиёни ҳарбии шартномавӣ ба 695 ҳазор нафар расонида шавад.