Нӯҳ ҳодисаи лағзиши тарма дар саросари Тоҷикистон дар як шабонарӯз

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, хушбахтона дар ин ҳодисаҳои лағзиши тарма талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ 9 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Манбаъ қайд кардааст хушбахтона дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар сабт нагардидааст.
Таъкид шудааст, ки барои бартараф кардани паёмадҳои лағзиши тарма техникаи ширкати роҳи IRS ва Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб карда шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои он идома доранд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки субҳи 12 январи соли равон роҳи мошингарди Рӯшон – Бартанг баста буд ва роҳи Душанбе – Хуҷанд танҳо барои ҳаракати мошинҳои сабукрав кушода аст.
Боришоти шадид дар Душанбе: миллионҳо гулу дарахтҳо зери барф
Ҳаракати мошинҳои боркаш дар ин қитъаи роҳ маҳдуд карда шудааст.
Воҳидҳои наҷоти КҲФ-и кишвар ба навбатдории шабонарӯзии худ ҷиҳати таъмини амнияти ронандагону мусофирон ва расонидани ёриҳои аввалия дар сурати рӯбарӯ шудани онҳо ба мушкилот идома медиҳанд.
Ҳамзамон Кумита ҳамоно аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳои сард аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд.