ДУШАНБЕ, 12 янв - Sputnik. Дар Хуҷанд таваллуди шашгоникҳо ба фоҷеа табдил ёфт. Ҳеҷ яке аз тифлони шашмоҳаи бармаҳал зодашуда зинда монда натавонист.
Бино ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз таваллудхонаи вилоятии Хуҷанд, ҳамаи тифлон рӯзи 11 январ ба дунё омадаву пас як рӯз даргузаштанд.
"Кӯдакон пагоҳии рӯзи 12 январ фавтиданд. Онҳо шаш моҳа таваллуд шуданд ва вазнашон 600-700 грамм буд", - гуфт манбаъ.
Модари шашгоник - ду писар ва чор духтар, ки дар беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд ба дунё омаданд, Муборак Соҳибоваи 26-сола, сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Дар аввал вазъи саломатии кӯдакон ва модари онҳо мӯътадил арзёбӣ шуд. Кӯдакони навзод дар шӯъбаи эҳёгарӣ ҷойгир карда шуданд.
Баъдтар маълум шуд, ки ҳамаи шаш кӯдак фавтидаанд.
Ба гуфтаи пизишкон, сабаби аслии марги онҳо, таваллуди бармаҳал ва камвазнӣ аст.