ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ омодаанд.
Дар ин бора дар як гуфтугӯи телефонии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Бахтиёр Саидов, вазири умури хориҷии Ӯзбекистон, тавофуқ ҳосил шудааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Саидовро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи баланди масъулиятнок табрик гуфта, ба ҳамкасбаш дар фаъолияти касбиаш барору комёбиҳо таманно кард.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистону Ӯзбекистон, шарикии стратегӣ ва иттифоқиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Вазирони умури хориҷа дар мавриди иҷрои тавофуқоти миёни раисҷумҳурони ду кишвар табодули назар карданд.
Дар ин суҳбат омодагии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои идомаи муколамаи фаъоли сиёсӣ дар формати дуҷониба ва дастгирии мутақобила дар чаҳорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид шудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Бахтиёр Саидов ҷадвали вохӯриҳои дар сатҳи олӣ ва баландтарин барои ояндаи наздик ба нақша гирифташударо баррасӣ карданд.