Дар ҷумҳурӣ ҳаво то 23 дараҷа хунук шуд, ва маълум шуд, ки аз чунин сармо мақомоти кишвар интизор надоштанд. Дар шаҳри Душанбе хидматрасонии нақлиёт дар ин фасл чандон ба зимистон омода набуд.
Мардум муддати тӯлонӣ дар сардӣ дар истгоҳҳо мунтазири автобус, троллейбусу микроавтобусҳо буданд.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории пойтахт итминон дод, ки барои хидматрасонӣ ба мусофирон дар шаҳри Душанбе ба сурати умум, 3 ҳазору 949 адад нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла 375 троллейбусу автобус, 963 микроавтобус (маршрутка) ба роҳҳои пойтахт баромаданд. Боқимонда таксиҳои ширкатҳои гуногун мебошанд.
Тавре ки аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, ба корҳои тозакунии роҳҳои шаҳр 193 адад техника сафарбар шуда, лекин барои тозакунии ҳамаи роҳҳо фурсат намеёфтанд.
Мушкилоти дигаре, ки шаҳрвандонро ба таври ҷиддӣ нигарон кард, ин лағжони рӯи роҳравҳо ва назди биноҳо мебошанд.