Созиши Душанбею Кобул дар мавриди содироти нерӯи барқ ​​барои соли 2023

Сарони ширкатҳои энержии ду кишвар - Барқи тоҷик ва DABS дар мулоқоти рӯбарӯ дар Туркия санади ҳамкорӣ барои соли ҷорӣ ба имзо расониданд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тоҷикистон ва Афғонистон созишномаи интиқоли нерӯи барқро барои соли 2023 имзо карданд.
Ҳамин тариқ, намояндагони ду ҷониб – холдинги энержии "Барқи тоҷик" ва ширкати энергетикии Афғонистон "Брешно" дар мавриди содироти нерӯи барқ ​​ба тавофуқ расиданд.
Мулоқоти ҷонибҳо ва имзои қарордоди дуҷониба дар пойтахти Туркия сурат гирифтааст.
Созишнома барои соли 2023-ро Маҳмадумар Асозода ва Муҳаммад Ҳаниф Ҳамза имзо карданд.
Гуфта мешавад, ки ин дар ҳузури раҳбари Вазорати об ва энергетикаи Толибон* Абдуллатиф Мансур сурат гирифтааст .
Даромади Хатлон аз фурӯши барқ ба хориҷа эълон шуд
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 ҷониби Афғонистон барои ҳар кВт/соат 4,67 сент пардохт кардааст.
Дар бораи шартҳои наве, ки дар созишномаи ҳамкорӣ ворид шудаанд, маълумоти иловагӣ вуҷуд надорад.
Бояд қайд кард, ки истеъмолкунандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон Афғонистон ва пасон Ӯзбекистон аст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ахир, "Брешно" аз “Барқи тоҷик” ҳудуди 28 миллион доллар қарздор аст.
Қаблан як намояндаи ширкати "Брешно" ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул қисман аз барқи Тоҷикистон истифода мекунанд.