ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Санаи баргузории набарди нахустини паҳлавони тоҷик Фаридун Одилов дар чемпионати мутлақ Ахмат маълум шуд.
Хадамоти матбуоти ташкилот дар бораи муборизаи дарпешистода хабар дод.
Ин набард рӯзи 27 январ дар Қазон баргузор мешавад. Оғози мусобиқот соати 18:00 пешбинӣ шудааст.
"Яке аз беҳтарин размикорони тоҷик ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати техникӣ комилан омода аст, ки дар вазнҳои сабуки созмони мо муборизаро оғоз кунад. Фаридун дорои тавоноии фиристодан ба нокаут ва замина барои куштии озод дорад", - омадааст дар хабар.
Рақиби аввали Одилов дар ин ташкилот паҳлавони рус Элмар Гасанов хоҳад буд, ки то кунун 4 ғалаба ва як мусовӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки Фаридун Одилов моҳи декабри соли 2022 бо лигаи ACA шартнома баст.
Ӯ охирин муборизаи худро моҳи декабри соли 2021 дар мусобиқаи Eagle FC бо пирӯзӣ анҷом дод.
Моҳи декабри соли равон ӯ мебоист бо Даврон Ермекови қазоқ қувваозмоӣ мекард, аммо аз вазнченкунии назоратӣ гузашта натавонист. Дар натиҷа, варзишкори тоҷик аз Eagle FC ихроҷ шуд.
Гуфта мешуд, ки дар сурати пирӯзӣ бар варзишгари қазоқ, Одилов роҳро ба созмони UFC боз мекард.
Терминатори тоҷик то кунун 12 пирӯзӣ (аз он 10-тоашро пеш аз мӯҳлат ба даст овардааст), 2 мусовӣ ва 2 бохт дорад.