ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Хадамоти нигоҳбони роҳ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рафъи оқибатҳои резиши тармаро анҷом дода, ҳаракати нақлиётро таъмин кардаанд.
Дар ин бора ширкати IRS, ки ба пулчиниву нигоҳбонии ин масир машғул аст, хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, пас аз бартарафзозии тармаи зиёд ҳоло танҳо ҳаракати мошинҳои сабукрав аз Хуҷанд ба Душанбе оғоз шуд.
"Рафъи оқибатҳои тармаҳои дирӯз идома дорад ва каме дертар ба ҳаракати мошинҳои боркаш низ иҷозат дода мешавад", - омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми январ аз қисмати аврупоии Русия ва ғарби Сибир ба Тоҷикистон тӯфони сард ворид шуд, ки дар робита ба ин дар саросари кишвар сармо ва боришоти шадид мушоҳида мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, чунин ҳаво то 14 январ идома хоҳад кард.
Қаблан Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз сокинон даъват карда буд, ки бидуни зарурат бо мошин сафар накунанд, балки тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ ба ба роҳ бароянд.
КҲФ низ гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо хуб аст, ки сафар ба масирҳои мушкилгузари куҳӣ худдорӣ шавад, зеро сармои шадид боиси фаромадани тармаву яхбандиҳо мегардад.