ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Шариф Самӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барканор шуд. Мавсуф яке аз дарозумртарин мансабдороне буд, ки аз соли 1995 ба ин сӯ дар вазифаҳои гуногун дар ҳукумати Тоҷикистон раҳбарӣ кард.
Як манбаъ дар ҳукумати шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Шариф Самӣ бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шудааст.
“Сабаби барканориаш ба синни нафақа баромаданаш аст”, - гуфт манбаъ.
Шариф Самӣ, дар гузашта Шарифхон Самиев, соли 1957 таваллуд шудааст. Вай яке аз собиқадортарин мансабдорони Тоҷикистон ба шумор меравад, ки аз соли 1995 қадам ба зинаҳои мансаб дар ниҳодҳои ҳукуматӣ гузоштааст.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, соли 1979 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандиси барқ ва соли 2006 Академияи хизмати давлатии Русияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1979 дар Идораи махсуси "Гидроспетсстрой" дар ноҳияи Данғара ҳамчун Челонгари барқи дараҷаи 1-ум оғоз намуд.
То соли 1995 дар вазифаҳои механики азнақббарории ҳамин идора, муҳандис, муҳандиси калон, иҷрокунандаи вазифаи сардор, ҷонишини сардор, сардори Идораи сайёри махсуси механиконидашудаи № 42-и Ширкати "Тоҷик-ирмонтаж"-и ноҳияи Данғара фаъолият намудааст.
Солҳои 1995 - 1999 муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа буд. Баъдтар дар вазифаҳои муовини раиси ширкати “Барқи Тоҷик”, ҳамзамон, муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон (1999-2002), раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон (2002—2005) ва раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (2005—2006) кор кард.
Замони маъруфияти ӯ дар миёни мардум ба солҳои 2006—2009 рост меояд, ки раиси ширкати “Барқи Тоҷик” буд ва дар кишвар буҳрони шадиди барқ ҳукмронӣ мекард.
Аз он ба баъд дар вазифаҳои директори нерӯгоҳи “Норак” (2009-2010), раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (2010-2014), директори муассисаи давлатии "Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” (2014-2017) кор кард ва аз 2017 раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъйин шуд.
Манбаъ мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ таъин мешавад, аммо интизор меравад, ки ҷонишини ӯ дар давоми ҳамин рӯз маълум хоҳад шуд.