ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Ҳикматуллозода Абдуғаффор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми прокурори генералии Тоҷикистон озод шуд.
Фармон дар ин бораро президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард.
Бо фармони дигари президент, Ҳикматуллозода Абдуғаффор иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардид.
Ӯ дар ин мақом Исматзода Азизулло Убайдуллоро иваз намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шавад.
Таъйини прокурори собиқадор ба вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон муомилоти ғайриқонунӣ бо заминро дар ин ноҳия аз мушкилоти ҷиддӣ арзёбӣ намуда буд.
Бар асоси ҳоланомаи расмӣ, раиси нави ноҳияи Рӯдакӣ, соли 1975 дар ноҳияи Фархор таваллуд шуда, соли 1998 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияташро аз мақоми ёрдамчии прокурори ноҳияи Фрунзеи шаҳрги Душанбе, оғоз карда, баъдан дар вазифаҳои прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти гумрук ва нақлиёти Прокуратураи генералӣ, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар нақлиёт ва коммуникатсия кор кардаст.
Аз соли 2010 - прокурори ноҳияи Балҷувон, аз соли 2012 - прокурори ноҳияи Данғара, аз соли 2017 - муовини прокурори вилояти Суғд, аз марти соли 2020 - муовини якуми прокурори генералии Тоҷикистон буд.