ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Нерӯҳои русии гуруҳи "Вагнер" шаҳри Соледарро пурра таҳти назорати худ гирифтанд.
Дар ин бора ба РИА Новости бо такя ба асосгузори ин созмон Евгений Пригожин хабар дод, ки дар гурӯҳи "ВКонтакте"-и гуруҳи худ "Конкорд" навиштае гузоштааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар маркази шаҳр амалиёти ҷангӣ идома дорад ва муҳосира ташкил шудааст.
"Нерӯҳои " Вагнер" тамоми қаламрави Соледарро зери назорат гирифтаанд. Дар маркази шаҳр нуқтаҳои муҳосира ташкил шудааст, ки дар он ҷангҳои шаҳрӣ ҷараён доранд. Шумораи асирон фардо эълон карда мешавад", - омадааст дар хабар.
Барои Украина, Соледари гирифташуда аҳамияти стратегӣ дошт, зеро он дар маркази хати мудофиавии Артемовск (Баҳмут) - Северск ҷойгир буд.
Дар ин ҷо ҷанговарони Украина истеҳкомҳои пуриқтидори мудофиавӣ сохтанд.
Озодкунии Соледар роҳи бевоситаи таъминоти байни Артемовск ва Северскро бурида, инчунин Артемовскро аз тарафи шимол фаро мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли 2023 амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.