Барканорию таъйинот дар тими Рустами Эмомалӣ бо фармони президент

Ноиби раиси шаҳри Душанбе ва роҳбари дастгоҳи раиси пойтахт аз мақом барканор шуда, бо фармони президенти Тоҷикистон вазифаҳои нав гирифтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Гуреззода Умед Зариф иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъйин шуд.
Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард. Гуреззода то ҳол дар мақоми ноиби шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ кор мекард.
Вай дар мақоми раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Усмонзода Фатҳиддин Бадриддинро иваз намуд, ки бо фармони президент бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардидаст.
Нусратулло Салимзода барканор шуду вазифаи нав гирифт
Инчунин бо фармони президент, Саидзода Тоҷиддин Ниёз, ки аз январи соли 2017 то ҳол роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе буд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сино тайъин шуд.
Тоҷиддин Саидзода ба ҷои Нусратулло Салимзода таъйин шуд, ки ба далели гузаштан ба кори дигар аз мақом барканор гардидаст. Салимзода бо фармони президент иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъйин гардид.
Раиси ноҳияи марказӣ - Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Қодирзода Руслан Раҷаб таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Шариф Самиро иваз намуд, ки ба нафақа баромад.