ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Давлати феълии Афғонистон, ки аз сӯи толибҳо ташкил шудааст барои бастани кошонаҳои ҳусни занон дар ин кишвар муҳлати даҳ рӯз муқаррар кардааст, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии Ал-Арабия.
Ҳамзамон толибҳо бо қарори навбатии худ кори занон дар марказҳои савдо мамнуъ карданд.
Ин расонаи хабарӣ иттилоъ додааст, ки "ҳукумати толибҳо барои бастани кошонаҳои ҳусни занона 10 рӯз муҳлат додаанд".
Ёдовар мешавем, ки толибҳо баъд аз ба сари қудрат омаданашон бар сари занон маҳдудиятҳои зиёдеро ҷорӣ карданд. Ба хусу толибҳо ба занон кор ва таҳсил дар муассисҳои оливу миёнаро манъ карданд.
Занҳо борҳо дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон даст ба тазоҳурот заданд ва шидидан аз сӯйи ҷангҷӯёни толибҳо саркӯб шуданд.
Толибон қаблан ба тамоми созмонҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон дастур дода буданд, ки кори кормандони занро мутаваққиф кунанд.
Ин дар ҳолест, ки раҳбарони ниҳодҳои Созмони Милал аз толибон даъват кардаанд, ки ба занон дар созмонҳои ғайридавлатии башардӯстона кор кунанд.
Манъи иштироки занон дар корҳои башардӯстона барои тамоми афғонистониҳо оқибатҳои фаврӣ таҳдидкунанда дорад, гуфта мешавад дар муроҷиатнома.