ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи нав сабт шуд, гузориш медиҳад Маркази ҷумҳуриявии зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, заминларза соати 12:42 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст.
Маркази заминларза дар ВМКБ, дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон гуфта мешавад.
Зилзиласанҷон қувваи заминларзаро 4,5 балл арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки умқи он дар масофаи 337 километр буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон то ҳол паёмадҳои эҳтимолиро мушаххас накардааст.
Бояд гуфт, ки чунин падидаҳои табиат дар Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон пайваста эҳсос мешаванд. Ин кишварҳо ба рӯйхати минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором дохил карда шудаанд.