Дар Тоҷикистон таътили зимистона ба далели сардиҳо тамдид шуд

Вазорати маориф мегӯяд, соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон таътили зимистона то 16 январ тамдид шуд, хабар медиҳад Вазорати маорифи кишвар.
Бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф таътили зимистонаи хонандагон то 16 январи соли 2023 тамдид карда шуд", - омадааст дар хабарномаи вазорат.
Манбаъ меафзояд, дарсҳо дар макотибу муассисаҳои томактабӣ аз 16 январ оғоз мешаванд.
Зикр гардид, ки соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.
Ин ниҳод сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру навоҳии атрофи пойтахтро уҳдадор намуд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳавои Тоҷикистон то 50 дараҷа сард мешавад
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон аз 10 то 14 январ ҳаво бесобиқа хунук мешавад. Ҳамчунин дар ноҳиҳои кӯҳӣ боришоти шадиди барф дар назар аст.
Қаблан КҲФ ва Оҷонсии обуҳавошиносӣ аз меҳмонону шаҳрвандон даъват намуданд, ки дар рӯзҳои сард бидуни зарурат ба сафар набароянд.