Дар Маскав як бинои таъмири мошинҳо, воқеъ дар кӯчаи Добролюбов дар шимоли ин шаҳр ба коми оташ рафт.
Биное, ки ба коми оташ рафт назди истгоҳи метрои "Дмитровская" мебошад. Гуфта мешавад, ки майдони сӯхтор беш аз 2 ҳазор метри мураббаъро ташкил додааст.
Таҳдиди фурӯрезии бино ва паҳн шудани оташ ба дигар биноҳо вуҷуд дорад. Зиёда аз 230 нафар аз бинои хобгоҳе, ки наздики ин бино буд, берун оварда шуданд.
Баллонҳои газ аз дохили бинои таъмири мошинҳо берун кашида шуданд.
Дар ҳоли ҳозир дар бораи талафот хабаре дода нашудааст.
Гуфта мешавад, ки барои хомӯш кардани сӯхтор 136 нафар ҳайати шахсӣ ва қариб 50 адад техника сафарбар шудааст. Инчунин барои хомуш кардани сӯхтор, ки чархболҳо ҷалб карда шуданд.