Парвоз аз Санкт-Петербург самти Хуҷанд лағв шуд

Дар фурудгоҳи Пулково ҳавопаймо самти шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон, ки мебоист соли 01:00 парвоз мекард, сурат нагирифт. Ҳамчунин парвози баргашт низ лағв шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар Пулково парвози U6 2641 "Уралские авиалинии" аз Санкт-Петербург ба Хуҷанд лағв шуд.
Тибқи ҷадвали парвозҳо, ҳавопаймо бояд соати 01:00 ба вақти Маскав самти Тоҷикистон парвоз мекард.
Аммо ҳоло ин парвоз лағв шудааст ва вақти парвози нав ҳам мушаххас нашудааст.
Ба ин далел, парвози бозгашти U6 2642 аз Хуҷанд ба Санкт-Петербург, ки бояд соати 12:35 ба вақти маҳаллӣ анҷом мешуд, низ лағв гардид.
Таъсири обу ҳаво: Парвозҳо аз Санкт-Петербург ба самти Душанбеву Кӯлоб ба таъхир афтоданд
Ба эҳтимоли зиёд лағви парвози ҳавопаймо ба вазъи обу ҳаво вобастагӣ дорад. Қобили зикр аст, ки аз авоили соли ҷорӣ чандин бор лағв ва ба таъхир афтодани парвозҳо аз шаҳрҳои Русия самти Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамаи онҳо бо шароити номусоиди обу ҳаво алоқаманд буданд. Инак, бориши барф ислоҳоти ғайричашмдошт ворид кард - парвозҳо ба Душанбе ва Кӯлоб бо таъхир анҷом ёфтанд.