ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳои ҳаҷро, ки ба далели бемории коронавирус қаблан ҷорӣ намуда буд, лағв кард, хабар медиҳад Anadolu.
Ин ниҳод бо истинод ба маълумоти Вазири кор бо ҳаҷ ва умраи Шоҳигарӣ ТавфиқАл-Рабиа хабар дод, ки теъдоди зоирони ҳаҷ ба ҳолати қабл аз пандемия бармегарданд.
"Ҳеҷ гуна маҳдудияти синну солӣ вуҷуд надорад", - омадааст дар хабарнома.
Зикр гардид, ки ҳамакнун ҳаҷ-миссияҳо аз тамоми ҷаҳон метавонанд боз бо ҳама гуна ширкати ваколатдор оид ба хизматрасонӣ дар Арабистони Саудӣ шартнома банданд.
Мақомоти Арабистони Саудӣ тайи се соли охир ба далели паҳншавии коронавирус теъдоди зоиронро ба ҳаҷ маҳдуд карда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан як ҳайати Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ҷиҳати баррасии эҳёи дубораи саҳмияи зоирин дар Арабистони Саудӣ қарор доранд.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як ҳайати Кумита ба раҳбарии раиси он Сулаймон Давлатзода ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои дутарафа, бахусус, масоили ҳаҷ, бо мақомоти зидахли Арабистони Саудӣ ба Риёз сафар кардааст.
Тибқи иттилои ин манбаъ, қабл аз пандемияи коронавирус дар соли 2020 ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба адои маросими ҳаҷ - зиёрати амокини муқаддаси мусалмонон дар Маккаву Мадина мерафтанд.
Дар ду соли гузашта ҳудуди 3,5 ҳазор нафар дар сол ба адои маросими ҳаҷ мушарраф шудаанд.