ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Бо мақсади тақвияти бештари ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикиситон ва Давлати Кувайт созишномаҳо ба имзо расиданд, иттилоъ додааст Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.
Манбаъ қайд кардааст, ки созишномаҳои мазкур рӯзи 9 январ зимни баргузории ҳамоиш дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудаанд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ қайд кардааст, ки бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтаи сайёҳӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, ҳамоишу конфронсҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳмондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад.
Ҳумчунин дар ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, имкониятҳои сайёҳии мамлакат ба меҳмонони кувайтӣ муаррифӣ гардиданд.
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон чанде пеш барои фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт, ки зимни ифтитоҳи хатсайри нахустин дар масири Ал-Кувайт – Душанбе – Ал-Кувайт ба Тоҷикистон омада буданд, барои боздид аз мавзеъҳои назаррабо сайёҳати иттилоотӣ доир намуд.