ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар километри 53 то 81 - уми роҳи Душанбе- Чаноқ дар давоми як соат пас аз оғози бориши барфи шадид қариб 30 тармаи хурду калон фаромадааст, иттилоъ додааст ширкати “IRS”.
Масъулини ширкати “IRS” хабар доданд, ки ҳоло кормандони ин ширкат якҷо бо намояндагони мақомоти дигари дахлдор барои тозакунии тармаи фаромада, талош карда истодаанд.
“Дар ҳамоҳангӣ бо БДА ВКД ҶТ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан манъ карда шуд”, - афзуд манбаъ.
Ширкати мазкур, ки нигоҳубинии ин роҳро бар ӯҳда дорад таъкид кардааст, ки бориши барф торафт шиддат гирифта, хавфи фаромадани тармаҳои нав мавҷуд аст.
Масъулини шаркати “IRS” аз сокинони кишвар даъват карданд, ки то ба эътидол омадани вазъият аз сафар тавассути роҳи Душанбе - Чаноқ худдорӣ намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи пешгӯи обуҳавошиносони Тоҷикистон дар кишвар имрӯзҳо ҳаво сард мешавад ва дарманотиқи гуногуни кишвар бориши барфу боронҳои пуршиддат дар назар аст.