ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Кӯдакони Панҷшер дастрасӣ ба таҳсил надоранд, чун бинои макотибро ҷангиёни толибҳо ғасб кардаанд, иттилоъ дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, толибҳо макотиби Панҷшерро ба қароргоҳи низомияшон табдил додаанд.
Ба ин далел аст, ки дар минтақа кӯдакон дастрасӣ ба таҳсил то ҳол надоштанд ва дар соли нави хониш низ нахоҳанд дошт, афзуб манбаъ.
Бо такя ба манобеи маҳаллӣ оварда шудааст, ки ҳоло беш аз 50 мактаб ва мадориси мазҳабӣ ба рӯи хонандагон баста шуда ва нерӯҳои толибҳо дар он мустақаранд.
Пештар Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо дар Афғонистон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар дод. Ин иқдоми толибҳо вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибҳо интиқод карданд ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.
Бархе аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон низ бо нашри як муроҷиатномаи расмӣ аз толибҳо хост, барои ояндаи дурахшони кишвар ин қарорашонро бозбинӣ намоянд.