ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Намояндагии Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки масъалаи ба таъхир афтидани ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии”, ки тибқи ҷадвали парвозҳо бояд рӯзи 6 январи соли 2022 аз фурудгоҳи Жуковскийи шаҳри Москва ба самти шаҳри Душанбе парвоз мекард, таҳти пайгирии кормандони сафорат қарор дорад.
Сафорат зикр кардааст, ки парвози ҳавопаймои мазкур бинобар сабабҳои техникӣ ба таъхир афтида, мусофирон бо ҷойи хоб дар меҳмонхона ва се вақт ғизои гарм таъмин гардиданд.
Намояндагии дипломатӣ таъкид кардааст, ки ин масъала дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Русия масъалаи мазкурро ҳал карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабард дар бораи ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” ба самти Душанбе-Маскав расонаӣ шуда буд.
Он замон сабаби ба таъхир афтодани парвоз аз фурудгоҳи Жуковский маълум набуд.
Ҳамчунин бориши барф дар минтақаҳои Русия ба кори фурудгоҳи Санкт-Петербург ағйироти ҷиддӣ ворид кард: парвозҳо ба самти Душанбеву Кӯлоб ба таъхир афтоданд.