Нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ на аз нигоҳи шумора, балки аз нигоҳи малака таҳким меёбанд.
Ин нуктаро коршиноси низомӣ, собиқадори амалиёти ҷангӣ, дорандаи ордени Ҷасорат, Роман Насонов дар суҳбати видеоӣ бо Sputnik баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои СААД аз тариқи размоиш, табодули маълумот, давраҳои омӯзишӣ ва дигар иқдомот пурзӯр гардонда мешаванд.
Дар мавриди хатарҳои бархоста аз Афғонистон барои Тоҷикистон, Насонов изҳор дошт, ки нерӯҳои СААД ба худи қаламрави ҶИА дахолат намекунанд, аммо ҳимоя аз тариқи интиқолу таҳкими нерӯро метавонанд такмил диҳанд.
Вай ҳамчунин табодули иттилоъро миёни кишварҳои узви СААД муҳим хонд, то аз дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба кишварҳои узви созмон ҷилавгирӣ шавад.
Насонов ҳамчунин дар бораи чолишҳои эҳтимолие суҳбат кард, ки кишварҳои узви СААД солҳои наздик дучори он хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки СААД бо ҳадафи таъмини амнияти дастаҷамъӣ таъсис ёфтааст, феълан Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русияро дар бар мегирад.
Сарони кишварҳои узви ин созмон мунтазам мулоқотҳои онлайнию ҳузурӣ баргузорӣ карда, масоили мубрами қаламрави созмон ва вокунишҳои муштарак ба онҳоро баррасӣ мекунанд.