ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Тавре мушоҳида мешавад, ду рӯз ба ин тараф нархи маводи сӯхт аз ҷумла бензин дар аксар фурӯшгоҳҳо боло рафтааст. Зимнан ин нахустин мавриди таконхурии нарх дар соли 2023 арзёбӣ мешавад.
Бино ба нархномае, ки ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Суғд насб намудаанд, ҳоло арзиши бензини навъи АИ 95 – 8,2 сомонӣ, АИ 92 – 7,8 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба 11,6 сомонӣ баробар шудааст.
Қимати чунин навъ сӯзишвориро дар шаҳру навоҳии Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон аз ин ҳам балантар арзёбӣ мекунанд.
Чунин нархнома назар ба охирҳои соли 2022, аз 20 то 30 дирам баланд рақам зада мешавад.
Иброҳим Усмонов, роҳбарони яке ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт (АЗС) дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби тағйирёбии нархи маводи сӯхтро шарҳ дод.
“Рӯзҳои охир воридоти бензин камтар шудааст. Ҳоло баъзе аз таъмингоҳҳои сӯзишвории нақлиёт ба мушкили камбуди он дучор шудаанд. Вақте, ки мол ба бозор камтар ворид шавад, ба таври табиӣ нархи он тағйир меёбад”,- гуфт, ӯ.
Дар ҳамин ҳол қимати гази моеъ то 4,9 сомонӣ поён шудааст. Ин навъ маводи сӯзишворӣ то чанд рӯзи пеш дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 5,1 – 5,2 сомонӣ фурухта мешуд.
Тоҷикистон маводи сӯзишвории нақлиётиро асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Ширкатҳои “Газойл”, “Суғднефт”, “Ориё”, “Роҳи сомон”, “Се ганҷ” ва боз чанд ширкати дигар барои ворид намудани маводи сӯхт муҷаввиз доранд.