ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Адиби маъруф, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Насим Раҷаб дар синни 87- солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, марҳум солҳои ахир дар бистари беморӣ қарор доштанд, аммо аз эҷодиёт даст накашида буданд.
"Дар умум, адабиёти наврасону кӯдакони тоҷик мутаҳаммили талафоти бузург шуд”, - гуфтанд дар Иттифоқи нависандагон.
Ҷанозаи Насим Раҷаб асри рӯзи 6 январ дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
Марҳум тамоми умри худро сарфи адабиёти наврасону кӯдакон кард ва ҳеҷ кас дар Тоҷикистон аз намунаҳои ҳикояву повестҳои мавсуф бабаҳра набуданд, зеро онҳо дар китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ ҷой гирифтаанд.
Насим Раҷаб, ё Насим Пирмуҳаммадович Раҷабов, 8 августи 1935 дар гузари Мирзопӯлоди шаҳри Самарқанди Ӯзбекистони шӯравӣ ба дунё омада, хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1960) буд.
Баъдан ба Душанбе омада, тамоми умр, беш аз 50 сол, дар рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон", ҳоло “Анбоз” кор кард.
Муаллифи ҳудуди 100 қиссаву ҳикоя ва драмаву очеркҳои бадеӣ аст, ки маъруфтаринашон “Ҷонам фидои яхмос”, “Фара, Фира, Зара”, “Асрори боғи бобом”, “Хонае, ки сӯяш мешитобам”, “Ишқи духтари яҳудӣ” ва ғайра мебошанд.
Асарҳои адибони русу ҷаҳон, аз ҷумла “Муму”-и Иван Сергеевич Тургенев, “Баргҳои хазон”-и Зайниддин Дӯстматов, ҳикояҳои алоҳидаи Юрий Сотник, Николай Носов, Марта Гумилевская ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Намунаҳои ҳикояву повестҳои Насим Раҷаб дар китобҳои дарсии синфҳои ибтидоии мактабҳои Тоҷикистон низ ҷой гирифтаанд.
Мавсуф дорандаи даҳҳо унвону нишон, аз қабили Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ (1985), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон" (1990) ва Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2013) аст.