ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар ҷаласае қайд кардааст, ки раисҷумҳури кишвар дар паёми ахираш дастовардҳои Тоҷикистонро дар 5 соли сипаригардида ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар додааст.
Аз ҷумла вазир дар ин ҷаласа қайд кардааст, ки дар панҷ соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи 7,3 фоиз ва дар соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид.
“Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 71 млрд. сомонии соли 2018 то 115 млрд. сомонӣ дар соли 2022 ё 1,6 баробар расонида шуд”, - гуфт Завқӣ Завқизода.
Вай таъкид намудааст, ки ба вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди иқтисодии устувори кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ вазифагузориҳо карда шудааст.
Ҳамчунин дар назди бахши иқтисодии кишвар барои баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шудааст.
Оқои Завқизода илова кард, ки вобаста ба ин роҳбарият ва тамоми кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои барои иҷрои сифатнок ва саривақтии Нақшаи чорабиниҳои чораҷӯӣ хоҳан кард.