ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бори дигар сокинони кишварро барои иваз намудани шиносномаҳо намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 барои бақайдгирии симкортҳо ёдрас кардааст.
Тавре дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ба азнавбақайдгирии симкортҳо муҳлати кам мондааст.
Вазорат қайд кардааст, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми феврали соли 2023 муайян шудааст.
“Аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, хоҳиш карда мешавад, ки таъҷилан барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд”, - зикр кардааст ВКД.
Вазорат рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки барои ивази шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон лозим мебошанд дар сомонаи расмии худ нашр кардааст.
Ин вазорат бори дигар аз шаҳрвандони кишвар барои иваз намудани шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 таъкид кардааст.