ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи озод намудани раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд бо сабаби вафоташ имзо кард.
Тибқи қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон Мирзозода Низом Юсуфӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Ҳамчунин бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, Холмурод Раҳмон директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва муовини якуми директори ин Агенти Сироҷиддинзода Баҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз кор озод шуданд.
Кишвардори Тоҷикистон Давлатзода Зафарбекро, ки то имрӯз дар вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кор мекард, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъйин карда аст.
Тибқи қарори раисҷумҳури Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
Ҳачунин бо қарори раиси ҳукумат Раҳмонзода Абдуғаффор Азиз, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифаҳои худ озод шуданд.
Инчунин бо амри президенти кишвар Шокирзода Шодмон Шариф бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии омори Тоҷикистон озод шуд ва ба ҷои ӯ дар ин вазифа Асо Нурулло Асват таъйин шудааст.