ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Сухангӯии вазорати хориҷаи Амрико Нед Прайс аз тарҳи ҳамлаи давлати Исломобод ба ончи, ки мавозиъи таҳрики толибон дар хок Афғонистон гуфта мешавад, ҳимоят кардааст.
Прайс афзудааст, ки Покистони ҳақи машруъи дифо аз худ дар баробари терроризмро дорад.
Вай ҳамчунин бо эъломи ҳимоят аз баёнияи Шӯрои амнияти миллии Покистони изҳор дошт, Покистон аз ҳамалоти террористӣ осеби зиёде дидааст.
Бояд гуфт, ки пештар вазири кишвар Покистон Роно Санооллаҳ, гуфта буд Исломобод ҳақ дорад махфигоҳҳои таҳрики толибони покистониро дар хоки Афғонистони ҳадаф қарор диҳад.
Вазири дифои Покистон Хоҷа Осиф қаблан гуфта буд, ки ба рағми таъаҳҳуди толибон ба Исломобод, хоки Афғонистон алайҳи ин кишвар истифода мешавад.
Хоҷа Осиф аз толибон хоста буд, ки ба тавофуқи Давҳа пойбанд бошанд. Ин тавофуқ миёни Амрико ва толибон имзо шудааст ва дар он толибон таъаҳҳуд додаанд, ки хоки Афғонистон алайҳи соири кишварҳо истифода нашавад.
Вазири дифои Покистон дар хатми ҷаласаи шӯрои амнияти миллии ин кишвар дар як гуфт угӯи телевизиюнӣ гуфтааст, ки давлати толибон ба Исломобод қавл додааст ки аз хоки Афғонистони алайҳи Покистон истифода нахоҳад шуд.