ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Барномаи қабули электронии аризаи шаҳрвандон дар бораи ҷиноят нахуст дар шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад, иттилоъ дод "Ховар" аз қавли Вазорати корҳои дохилӣ.
Ба иттилои ВУД, сокинони шаҳри Душанбе минбаъд метавонанд аризаҳои худро ба мақомоти корҳои дохилӣ аз тариқи интернет ирсол намуда, раванди баррасии онҳоро назорат намоянд.
"Қабули электронии аризаи шаҳрвандон аз навгониҳои хизматии милитсия ба аҳолист, ки дар доираи "Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025" роҳандозӣ гардидааст", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 қабул гардидааст, ки мақсади асосии он роҳандозоии ҳамкории зичи мақомот бо мардум арзёбӣ мешавад.
Дар доираи ислоҳот дар навоҳии Тоҷикистон шӯроҳои ҷамъиятии ислоҳоти милиса ташкил карда шудаанд, ки аъзои аз ҳисоби намояндагони қишрҳои гуногун ҷалб мегарданд.
Ҳадафи чунин шӯроҳо, ба иттилои ВУД, ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
Шӯроҳо аз ҳисоби ихтиёриён, аз намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа ташкил гардида, ҳолати криминогенӣ, сатҳи ҷинояткорӣ, усулу воситаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятиро омӯхта, барои мукаммалсозии фаъолияти мақомоти милиса пешниҳодҳо мекунад.