Азми Путину Мирзиёев барои таҳкими ҳамкориҳо

Роҳбарони Русия ва Ӯзбекистон ҳусни нияташонро барои таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла соҳаи энергетикаро баён доштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин бо ҳамтои ӯзбекистонияш, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ дод дафтари матбуоти Кремл.
Ба иттилои манбаъ, президентҳои ду кишвар хоҳиши ҷонибҳоро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои иттифоқӣ ва густариши ҳамкориҳо тасдиқ кардаанд.
"Хоҳиши ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои иттифоқӣ ва шарикии стратегии Русия ва Ӯзбекистон, афзоиши гардиши мол ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика тасдиқ карда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Мирзиёев ба Путин барои меҳмоннавозии ҷониби Руися дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар Санкт-Петербург, ки 26-27 декабри соли 2022 баргузор шуд, изҳори сипос кардаст.
Лавров: Таъсиси "сегонаи газӣ" бо Қазоқистону Ӯзбекистон бозии сиёсӣ нест
Суҳбат дар ҳоле сурат мегирад, ки раисҷумҳури Русия ташкили сегонаи газиро бо Қазоқистону Ӯзбекистон ба миён гузошта буд.
Муовини вазири корҳои хориҷии ФР, Михаил Галузин, ахиран таъсиси "иттиҳоди сегонаи газӣ"-ро ҳам барои Русия ва ҳам барои шарикон - Қазоқистон ва Ӯзбекистон муфид хонд.
"Ҳамкориҳо дар ин самт бо ҳадафи таъминоти иҷтимоӣ, суботи иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум заруранд", - гуфта буд ӯ.
Ҳамзамон, муовини вазир қайд кард, ки барои татбиқи ин ғоя "ҳеҷ монеаи ҷиддие вуҷуд надорад", вале корҳои зиёди системавӣ, пеш аз ҳама дар сатҳи коршиносон лозим аст.