Даргузашти Бурҳон Маҳмадқулов, овозхони маъруфи тоҷик

Бурҳон Маҳмадқулов, овозхони маъруфи академӣ-классикии тоҷик, дар шаҳри Душанбе дар синни 77 – солагӣ чашм аз олам пӯшид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 янв – Sputnik. Вай яке аз устодони санъат буд, ки ҳам дар овозхонии академӣ ва ҳам классикӣ дар Тоҷикистон назир надошт.
Яке аз хешовандони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Бурҳон Маҳмадқулов пас аз мӯҳлате бистарӣ шудан ҷон ба ҷонофарин таслим кардааст.
“Устод як инсони зиндадил ва ҳамеша саршор буданд, аммо пас аз фавти писарашон дар соли 2018 тағйир карданд ва дарун-дарун ғусса мехӯрданд ва маълум буд, ки сиҳатиашон ҳам хуб нест”, - гуфт ӯ.
Бурҳон Мамадқулов 27 майи соли 1945 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳоло Коллеҷи санъат, 1963) ва Консерваторияи давлатии шаҳри Маскав ба номи Чайковский (1967) бо ихтисоси овозхони академӣ аст.
Пас аз кор дар Театри калони шаҳри Маскав, шуруъ аз соли 1970 сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва аз солҳои 90 ба ин сӯ овозхони ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд.
Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даргузашт
Бурҳон Мамадқулов аз шогирдони Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов ба ҳисоб рафта, бештар ҳамчун овозхони санъати академӣ маъруф шуд, бахусус, иҷрои партияҳои асосӣ дар операҳои миллӣ ва классикии русу Ғарб, назири "Шӯриши Восеъ" (Сергей .Баласанян), “Қишлоқи тиллоӣ” (Дамир Дӯстмуҳаммадов), “Комде ва Мадан” (Зиёдулло Шаҳидӣ), “Рустам ва Суҳроб” (Талаб Сатторов” ва ғайраро ба дӯш доштааст.
Беш аз 90 таронаву романси оҳангсозони мухталиф ва сурудҳои халқиву классикиро иҷро намудааст, назири “Гулъузорам”, “Дилбари ҷонон”, “Таронаи Баёт”, “Ушшоқ”, “Зи сӯзи сина”, “Муҳаббат” ва ғайра, ки аксарияти онҳо дар фонди тилоии Радиои тоҷик сабт шудаанд.
Бурҳон Мамадқулов ҳамзамон устоди кафедраи овозхонии академии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва профессори кафедраи овозхонии академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов буд, ки шогирдоне, назири Акбар Мирраҷабов ва Содиқ Нуруллоев, ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистонро тарбия кардааст.
Вай даҳҳо унвон, аз ҷумла Ҳунарпешаи шоиста ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро сазовор шудааст.