Беш аз 6,5 миллион нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ ҳастанд

Созмони байналмилалии ҳифозат аз кудакони гуфт, ки шумори афроде, ки дар Афғонистон бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ба беш аз 6,5 миллион нафар мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Созмони ҳифозат аз кудакон дар гузориши ахири худ навиштааст, ки дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар бо гуруснагии шадид беш аз 6,5 миллион нафар рӯ ба рӯ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории "TooloNews".
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ҳамин манбаъ, ки ин рақам дар соли 2,5 миллион нафарро ташкил медод.
Дар гузориши ин Созмон омадааст, ки мизони гуруснагӣ дар ҳашт кишвар аз ҷумлаи Афғонистон 57 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бар асоси ин гузориш, Афғонистон, Ҷумҳурии Африқои марказӣ, Конго, Ҳаитӣ, Сомалӣ, Судони ҷанубӣ, Судон ва Яман аз кишварҳое ҳастанд, ки аз соли 2019 то 2022 бештарини афроди гуруснаро доштаанд.
Замир Кабулов: Талошҳои Амрико барои бозгашт ба Афғонистон нигаронкунанда аст
Коршиноси масойили иқтисодӣ Мери Шикебӣ, дар гуфтугӯ бо "TooloNews" тақвияти кишоварзӣ, афзоиши сармоягузорӣ ва кумак ба афроди осебпазирро роҳи ҳали мушкили афзоиши фақр дар ин кишвар арзёбӣ кард.
Дигари коршиноси масоили иқтисодӣ Сайр Қурайшӣ низ дар ин робита гуфт, “дар кӯтоҳмуддат барои коҳиши фақр дар Афғонистони ниёзманди кумакҳои башардӯстонаи созмони милали муттаҳид ва дигар ниҳодҳои имдодрасон ва ҳукумати Афғонистон барои хониводаҳои фақир ҳастем.
Пеш аз ин, идораи ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстонаи Созмони Миллали Муттаҳид гуфтааст, ки авзои бади иқтисодӣ сабаби коҳиш даромад ва афзоиши бекорӣ шуда ва мардум маҷбуранд 71 дарсад даромад худро сарфи хариди мавод ғизоӣ кунанд.