Пушков нуқтаҳоеро номбар кард, ки аз он ҷо ҷанги қудратҳои ҷаҳонӣ метавонад сар шавад

Сенатор Пушков се кишварро номбар кард, ки дар онҳо зиддияти низомии байни давлатҳои муъайян сиёсати ҷаҳонӣ метавонад оғоз шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Украина, Тайван ва нимҷазираи Корея се ҷойест, ки таҳаввулот дар ин нуқот метавонад боиси муноқишаи низомӣ бо иштироки қудратҳои ҷаҳонӣ шавад.
Дар ин бора сенатори рус Алексей Пушков изҳор доштааст.
"Ба далели сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигари НАТО, Украина эҳтимолан нуқтаи ин навъи даргириҳо боқӣ мемонад”,- навишт ӯ дар канали Telegram-и худ.
ба гуфтаи ӯ, Сурия, ки минтақаи хатари муноқиша байни Русия ва ИМА низ буд, дигар дар ин рӯйхат ҷой надорад, зеро ИМА ва муттаҳидонаш маҷбур шуданд, ки он ҷо ақибнишинӣ кунанд.
Эрдуғон: Ғарб ҳеч талоше барои сулҳ дар Украина накарда истодааст
Пушков бар ин назар аст, ки ба далели бархӯрд миёни Юнон ва Туркия ё бар асари низоъи ҳудудии Ҳинд ва Чин, "ҷанги сеюми ҷаҳонӣ дар соли 2023 оғоз нахоҳад шуд".
Дар ҳамин ҳол, ахиран раисиҷумҳури собиқи Лаҳистон Александр Квасневский вазъи кунунии геополитикиро "бетартибиҳои хатарнок" номид, ки ҷаҳонро ба остонаи ҷанги ҷаҳонӣ овардааст.
Қаблан сиёсатшинос Павел Фелдман гуфта буд, ки равобити Русия ва Ғарб ба нуқтаи бебозгашт расидааст.