ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода барои аз наздик шинос шудан бо шароити хизмативу маишии сарбозон аз қисми низомии қӯшунҳои дохилии кишвар боздид кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки зимни боздид вазир аз номи президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон сарбозонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳативу саломатӣ ва дар пешбурди хизмат барору комёбиҳо таманно кард.
Ба гуфтаи вазир, ҷавонони феълӣ хушбахттарин нафаронеянд, ки дар давлати соҳибистиқлол, ободу зебо, орому осоишта кору пайкор намуда, таҳти ғамхории роҳбарияти давлат қарор доранд.
Ӯ афзудаст, ки ҳукумат барои сарбозон тамоми шароити хизмативу маиширо фароҳам кардаст.
Вазири корҳои дохилӣ ба сарбозон хостааст, аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардида пурсамар истифода намуда, ба омӯхтани дониш ва забонҳои хориҷӣ машғул шаванд.
Инчунин хоста шудааст, аз курсҳои касбомӯзие, ки барои сарбзон дар қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилии ВКД таъсис дода шудааст, дуруст истифода карда, соҳиби касбу ҳунар гарданд.
Раҳимзода дар идома аз ошхона ва ҷойҳои таомпазӣ, ҳаммому ҷойи либосшӯӣ, анбори нигаҳдории маводи хӯрока ва хонаи қаровулии сарбозону афсарон, инчунин системаи ягонаи гармидиҳии муҷаҳҳазгардидаи қисми низоми дидан карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда қаноатманд шудааст.